Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Ҳушанги Соя
Ҳушанги Соя

ПАРДАГӢ

Ҷангали сарсабз дар ҳариқи хазон сӯхт, Хира бар ӯ чашми хунгирифтаи хуршед. Домани дашт аз ғубори сӯхта пур шуд, Мурғи шаб аз ошёна пар заду нолид. Ҷангали оташгирифта аз нафас афтод В-он ҳама рангу тарона гашт фаромӯш, Абри сияҳ хайма зад гирифтаву сангин, Бар сари вайронаҳои ҷангали хомӯш. Аммо шабҳо, ки ҷуз ситора касе нест, Замзамае дар миёни ҷангал хуфтаст, Хок нафас мекашад ҳанӯз ту гӯӣ, Дар нафасаш бӯи боғҳои шукуфтаст. Синаи ин хоки хушки сӯхтаҳосил, Бистари бас ҷӯйборҳои равон аст. Дар дили густурдааш чу абри гаронбор, Ашки зулоли ҳазор чашма ниҳон аст. Пур зи аташ решаҳои зиндаи саркаш, Чанг фурӯ мебаранд дар ҷигари хок. Қалби замин мезанад зи ҷунбиши растан, Бо тапиши пуршитоби хуни тарабнок. Дар дили ҳар донае зи шавқи шукуфтан, Рақси диловези ноз мешавад оғоз. Гӯӣ дар боғи офтобии ҷонаш, Омада ногаҳ ҳазор мурғ ба парвоз. Роҳкушоёни базрҳои ниҳонӣ, Гар шуда аз зери санг раҳ бикшоянд. Нозукҷонони сабзпӯши баҳорӣ, Рақсон-рақсон зи хоку хора бароянд. Ҷӯшиши он рангубӯ, ки дар тани соқаст, То нашавад гул зи кор бознамонад. Шираи хуршед дар рагаш ба такопӯст, То ки чун рангинкамон шукуфа фишонад. Инак, эй боғбон, шукӯҳи шукуфтан, Соқа ҷавона заду ҷавона тарк хӯрд. Шохаи хушке, ки дар тамоми зимистон, Зиндагешро нуҳуфта дошт, гул овард.