ТОСЁН
Хона дилтанг, ғурубе хафа буд,
Мисли имрӯз, ки танг аст дилам,
Падарам гуфт: Чароғ
Ва шаб аз шаб пур шуд.
Ман ба худ гуфтам:
Як рӯз гузашт,
Модарам оҳ кашид,
Зуд бархоҳад гашт.
Абре оҳиста ба чашмам лағзид
Ва сипас хобам бурд,
Кӣ гумон дошт, ки ҳаст ин ҳама дард,
Дар камини дили он кӯдаки хурд?
Оре, он рӯз чу мерафт касе,
Доштам омаданашро бовар.
Ман намедонистам,
Маънии ҳаргизро,
Ту чаро бознагаштӣ дигар?
Оҳ, эй вожаи шум,
Хӯ накардаст дилам бо ту ҳанӯз,
Ман пас аз ин ҳама сол,
Чашм дорам дар роҳ,
Ки биёянд азизонам, оҳ!