ЗИНДАГӢ
Чӣ фикр мекунӣ,
Ки бодбони шикастазаврақи ба гил нишастаест зиндагӣ?
Дар ин хароб рехта,
Ки ранги офият аз ӯ гурехта.
Ба бун расида роҳи бастаест зиндагӣ.
Чӣ саҳмнок буд сели ҳодиса,
Ки ҳамчу аждаҳо даҳон кушуд,
Замину осмон зи ҳам гусехт,
Ситора хӯша-хӯша рехт.
Ва офтоб дар кабуддараҳои об ғарқ шуд,
Ҳаво бад аст,
Ту бо кадом бод меравӣ?
Чӣ абри тирае гирифта синаи туро,
Ки бо ҳазор сол бораш шабонарӯз ҳам дили ту во намешавад,
Ту аз ҳазораҳои дур омадӣ,
Дар ин дарознои хунфишон,
Ба ҳар қадам нишони нақши пои туст.
Дар ин дуруштноки девлох,
Зи ҳар тараф танини гомҳои раҳкушои туст.
Баланду паст ин кушода домгоҳи нангу ном,
Ба хун навишта номаи вафои туст.
Ба гӯши Бесутун ҳанӯз,
Садои тешаҳои туст.
Чӣ тозиёнаҳо, ки бо тани ту тоби ишқ озмуд,
Чӣ дорҳо, ки аз ту гузашт сарбаланд.
Зиҳӣ шукуҳи қомати баланди ишқ,
Ки устувор монд дар ҳуҷуми ҳар газанд.
Нигоҳи ман
Ҳанӯз он баланди дур,
Он сапеда, он шукуфазори инфиҷори нур,
Каҳрабои орзуст,
Сапедае, ки ҷони одамӣ ҳамора дар ҳавои ӯст.
Ба бӯи як нафас дар он зулол дам задан,
Сазад агар ҳазор бор,
Биафтӣ аз нишеби роҳу боз,
Рӯ ниҳӣ бад-он фароз,
Чӣ фикр мекунӣ?
Ҷаҳон чу обгинаи шикастаест,