Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Ҳушанги Соя
Ҳушанги Соя

БӮСА

Гуфтамаш: Ширинтарин овоз чист? Чашми ғамгинаш ба рӯям хира монд, Қатра-қатра ашкаш аз мижгон чакид, Ларза афтодаш ба гесӯи баланд. Зери лаб ғамнок хонд: Нолаи занҷирҳо бар дасти ман. Гуфтамаш: Он гаҳ ки аз ҳам бигсаланд. Хандаи талхе ба лаб оварду гуфт: Орзуе дилкаш аст, аммо дареғ, Бахти шӯрам раҳ бар ин уммед баст. В-он тилои заврақи хуршедро, Сахраҳои соҳили мағриб шикаст. Ман ба худ ларзидам аз дарде, ки талх Дар дили ман бо дили ӯ мегирист. Гуфтамаш: Бингар дар ин дарёи кӯр, Чашми ҳар ахтар чароғи заврақест, Лекин ин шаб низ дарёест жарф, Эй дареғо, шабравон, к-аз нимароҳ, Мекашад афсуни шаб дар хобашон. Гуфтамаш: Фонӯси моҳ, Медиҳад аз чашми бедоре нишон Гуфт: Аммо дар шабе ин гуна гунг, Ҳеч овое намеояд ба гӯш. Гуфтамаш: Аммо дили ман метапад, Гӯш кун, инак садои пои дӯст, Гуфт: Эй афсӯс, дар ин доми марг, Боз сайди тозаеро мебаранд, Ин садои пои ӯст, Гиряе афтод дар ман беамон. Дар миёни ашкҳо пурсидамаш: Хуштарин лабханд чист?