ДАР МИЁНИ ИЛМҲОИ САРНАГУН
Ҳарчанд умр дар ғаму ҳирмон гузоштам,
Ҳаргиз дил аз муҳаббати ӯ барнадоштам.
Ҷону дил аст ҳемаи он оташе, ки ман
Ҳиммат ба зиндадоштанаш баргумоштам.
Дар дови ишқ дасти тиҳӣ нест узри мард,
Ман аз миёни муддаъиён ҷон гузоштам.
Дар хоку хун миёни аламҳои сарнагун,
Бо рояти вафои ту сар барфароштам.
Берун зи ҳар чӣ сурати бедориасту хоб,
Нақше, ки аз хаёли ту дар дил нигоштам.
Беҳосил аст фурсати фасли сиёҳкор,
Сарсабз бод базри умеде, ки коштам.
Ишқе ба даст кардаму чун Соя дар раҳаш,
Сад раҳ сарам заданду зи сар пой доштам.
Теҳрон, тирмоҳи 1386