БӮИ РАСИДАН
Чӣ бок, агар нарасидем мо ба кӯи расидан?
Ҳазор гом равон асту орзуи расидан.
Зи пои тоқати худ шокирам, ки бо ҳама пирӣ,
Ҳанӯз мебарадам рӯзу шаб ба сӯи расидан.
Зи талхии нарасидан, дило, туруш макун абрӯ,
Ба оби дидаи мо бахш обрӯи расидан.
Замин шунав, ки шуниданд роҳиёни шикебо,
Навои дилкаши уммед аз гулӯи расидан.
Гуле ба хоби ман омад зи бӯстони ту рӯзе,
Ҳанӯз чашму дилам меравад ба бӯи расидан.
Зи чашми ҳасрати мо ёд кун дар ин шаби ҳиҷрон,
Агар нигоҳи ту рӯзе расад ба рӯи расидан.
Зулоли ҷоми муродат ба ком боду гуворо,
Агар сабӯи тараб пур кунӣ зи ҷӯи расидан.
Қадам ба шарти адаб неҳ, Худойро, чу расидӣ,
Ки резаи дили халқест хоки кӯи расидан.