ПИНДОШТ
Он кӣ ҳақ аст гумонаш ба гумони ту, ки нест,
Гуфт: Берун зи ҷаҳон аст, ҷаҳони ту, ки нест.
Ҳар кӣ пиндоштӣ аз хеш ба ҷои ту нишонд,
Чӣ тавон дод нишоне зи нишони ту, ки нест?
То чунин ҳар чӣ маро буду тавон низ фузуд,
Ҳама аз они ту шуд, чист аз они ту, ки нест?
Аз тани зинда равон аст равони ту, кӣ гуфт?
Бе тани зинда равон аст равони ту, ки нест.
Гуфт: Олам ҳама дар бандагии шайтонанд,
Гуфтам: Эй зоҳиди худбин ба зиёни ту, ки нест.
Раҳ ба маъни набарад, он кӣ ба сурат нигарад,
Соя, гуфтанд, ки сӯфист ба ҷони ту, ки нест.
Теҳрон, меҳрмоҳи 1387