Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Ҳушанги Соя
Ҳушанги Соя

ПАРОКАНДА

Замон миёни ману ӯ ҷудоӣ афкандаст, Ман истода дар акнуну ӯ дар ояндаст. Чӣ моя гаштаму ояндаҳол гашту гузашт, Ҳанӯз дар паи ояндаҳол гардандаст. Ба ҳар қадам қадаре гуфтам аз замон кандам, Кунун чу менигарам ӯ зи умри ман кандаст. Кӣ сар барорад аз ин варта ҷуз касе, ки ҳалок Каманди шавқи канораш ба гардан афкандаст. Баҳонаи кашиши ишқу кӯшиши дили ман, Ҳамин ғам аст, ки кӯшиши офаринандаст. Ба орзу нарасидему дер донистем, Ки роҳи дуртар аз умри орзумандаст. Ту он замон ба сарам соя хоҳӣ афкандан, Ки пеши пои ту таркиби ман парокандаст. Ба шоҳроҳи талаб бими номуродӣ нест, Зиҳӣ умед, ки то ишқ ҳаст, пояндаст. Зи дурбоши ҳаводис дилам зи роҳ нарафт, Биё, ки бо ту ҳанӯзам ҳазор пайвандаст. Ба ҷони Соя, ки миранда нест оташи ишқ, Мабин ба куштаи ошиқ, ки ошиқӣ зиндаст. Теҳрон, хурдодмоҳи 1385