АЗ БУНИ ҶОН
Эй ба рақс омада бо сад дафу най дар ҷонам,
Дафу най чист? Манат каф зада мерақсонам.
Ин ҳама ишваи андешаи рақсони ман аст,
Сару гардан ба тамошои кӣ мегардонам?
Нола омӯхтамаш аз нафаси хеш чу ной,
Ин аҷаб бин, ки зи нолидани ӯ нолонам.
Соя дасти мани афтода ба ин пардаву ман,
Боз аз бозии бозичаи худ ҳайронам.
Ба ниҳонхонаи ҷон ҷой гирифтаст чунон,
Ки ба дил мегузарад гоҳ, ки ман худ онам.
Гуфтам: Ин кист, ки пайваста маро мехонад?
Ханда зад аз буни ҷонам, ки: «Манам, Эронам».
Гуфтам: «Эй ҷону ҷаҳон, чашму чароғи дили ман,
Ман ҳамон ошиқи деринаи ҷонафшонам».
Ба ҳавои ту ҷаҳон гирди сарам мегардад,
В-арна дур аз ту ҳамин Сояи саргардонам.
Клан — 1399