СЕҲРИ СУХАН
Дар бузургдошти Муҳаммадризо Лутфӣ
Пеши сози ту ман аз сеҳри сухан дам назанам,
Ки забоне чу баёни ту надорад суханам.
Раҳ магардону нигаҳ дор ҳамин пардаи роз,
То ман аз рози сипеҳрат гираҳе боз кунам.
Сабр кун, эй дили ғамдида, ки чун пири ҳазин,
Оқибат муждаи нусрат расад аз пираҳанам.
Чӣ ғарибона ту бар ёди Ватан менолӣ,
Ман чӣ гӯям, ки ғариб аст дилам дар Ватанам?
Ҳама мурғонм ҳамовоз пароканда шуданд,
Оҳ, аз ин боди балохез, ки зад дар чаманам.
Шеъри ман бо мадади сози ту овозе дошт,
Кай бувад боз, ки шӯре ба ҷаҳон дарфиканам?
Най ҷудо з-он лабу дандон чӣ навое дорад?
Ман зи беҳамнафасӣ нола ба дил мешиканам.
Бе ту, оре, ғазали Соя надорад Лутфе,
Боз роҳе бизан, эй дӯст, ки оҳе бизанам.
Клан, даймоҳи 1997