ЭРОН
Эй хоки азизи поки Эрон,
Эй аз ту фурӯғи дидаву ҷон.
Аз меҳри ту ҷони дӯст хуррам
В-аз кини ту пушти хасм ларзон.
Поянда бимону шодмон зӣ,
Эй аз ту дилам ҳамеша шодон.
Бо хуни ман ар шавӣ ту озод,
Филҳол бирезамаш ба майдон.
Хуни ману сад чу ман фидоят,
Поянда бимону зинда Эрон.
Эй хуфта, зи хоби ҷаҳл бархез,
Дар даст бигир теғи буррон.
Ин ришта зи дасти хеш бикшой
В-ин банд зи пои худ барафшон.
Хомӯшиву сабр то каю чанд,
Бархезу бисӯз хонаи хон?
Эрон, ҳама ҷош ғарқи хун кун,
То ғарқа шаванд нохудоён.
Ин хона бикун хароб аз нав,
Обод кунаш дуруст бунён.
Ҳуш дор, ки нест ин Ватанро,
Ғайр аз ману ту касе нигаҳбон.
Имрӯз на вақти айшу мастист,
Зинҳор мабар зи ёд паймон.
Афтод зи бех кохи бедод,
Гардид бинои зулм вайрон.
Он рӯз, ки гашт миллат огоҳ
В-он рӯз, ки кард «Тӯда» туғён.
Он рӯз замони шодии мост
В-озодии хастагони пажмон.
Гӯем ҳама ба шӯру шодӣ:
Пояндаву зинда бод Эрон!