СУКУТИ ДИЛ
Нигоҳат мекунам хомӯшу хомӯшӣ забон дорад,
Забони ошиқон чашм асту чашм аз дил нишон дорад.
Чӣ хоҳишҳо дар ин хомӯшиҳо гӯёст, нашнидӣ
Ту ҳам чизе бигӯ чашму дилат гӯшу забон дорад.
Биё, то он чӣ аз дил мерасад бар дида биншонем,
Забонбозӣ ба ҳарфу савт маъниро зиён дорад.
Чу ҳампарвози хуршедӣ макун аз сӯхтан парво,
Ки ҷуфти ҷони мо дар боғи оташ ошён дорад.
Ало, эй оташинпайкар, баро аз хоку хокистар,
Хушо, он мурғи болопар, ки боли Каҳкашон дорад.
Замон фарсуд дидам ҳар чӣ аз аҳди азал дидам,
Зиҳӣ, ин ишқу ошиқкуш ки аҳди безамон дорад.
Бибин доси бало, эй дил, машав з-ин достон ғофил,
Ки дасти ғорати боғ асту қасди арғувон дорад.
Дарунҳо шарҳа-шарҳаст аз даму доғи ҷудоиҳо,
Биё, аз бонги най бишнав, ки шарҳи хунфишон дорад.
Даҳони Соя мебанданду боз аз ишваи ишқат,
Хурӯши ҷони у овоза дар гӯши ҷаҳон дорад.