Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Ҳушанги Соя
Ҳушанги Соя

ТО БА КАЙ БАНДАГӢ

То ба кай бандагӣ? Озод шудан мебояд! Чанд вайронагӣ? Обод шудан мебояд! Эй ҷавон, аз паи ободии ин мулки хароб, Тешаи решаи бедод шудан мебояд! Аз паи қатли ҳама куҳнапарастон, оре, Сангдил будану ҷаллод шудан мебояд. Эй ҷавон, баҳри наҷоти мулку озодии хеш, Душмани деви ситабдод шудан мебояд. Ҷони ширин ба чӣ кор оядам, эй хоки Ватан, Дар раҳи ишқи ту Фарҳод шудан мебояд. Эй дили хастаи ман, нола макун, чора биҷӯй, То ба кай мотаму ғам? Шод шудан мебояд. Дӯстон, баҳри раҳоии худ аз панҷаи зулм, Ба Худо, Коваи ҳаддод шудан мебояд.