Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Ҳушанги Соя
Ҳушанги Соя

МОҲ ВА МАРЯМ

Рухсори моҳ бин, ки чӣ зебову равшан аст, Покизарав чу Марями покизадоман аст. Хобида моҳи ғамзада бар тахти осмон, Бемору шармнок магар Марями ман аст. Симинатан нуҳуфта ба нилуфарӣ паранд, Чун Марями сапед, ки обеш бар тан аст. Рухсори Марям аст маҳи монда зери абр, К-он зулфи тобдор бар он сояафкан аст. Домони Марям аст ту гӯиву ашки ман, Маҳтобро, ки хӯшаи Парвин ба доман аст. Пешонии баромадаи Марям аст моҳ, Ё он булӯри синаву он оҷи гардан аст. Рухсори Марям асту ба покию равшанӣ, Ойинаи ҷамолнамои дили ман аст.