ДАРД
Ҳикоят аз чӣ кунам, сина-сина дард ин ҷост?
Ҳазор шуълаи сӯзону оҳи сард ин ҷост.
Нигоҳ кун, ки зи ҳар беша дар қафас шерест,
Балучу курду лару турку геламард ин ҷост.
Биё, ки масъалаи будану набудан нест,
Ҳадиси аҳду вафо меравад, набард ин ҷост.
Баҳор он сӯи девор монду ёди хушаш,
Ҳанӯз бо ғами ин баргҳои зард ин ҷост.
Ба рӯзгор шабе бесаҳар нахоҳад монд,
Чу чашм боз кунӣ субҳи шабнавард ин ҷост.
Чудоӣ аз зану фарзанд Сояҷон, саҳл аст,
Туро зи хеш ҷудо мекунанд, дард ин ҷост.