Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Ҳушанги Соя
Ҳушанги Соя

САРГУЗАШТИ ЧАМАН

Зи саргузашти чаман дил ба дард меояд, Бибанд панҷараро боди сард меояд. Дареғи боғи гули сурхи ман, ки дар ғами ӯ, Ҳама замину замон зору зард меояд. Намеравад зи дили ман сафои сурати ишқ, В-агар бар ойина борони гард меояд. Ба шоҳроҳи талаб нест бими гумроҳӣ, Ки роҳ бо қадами раҳнавард меояд. Ту мард бошу маяндеш аз гаронии дард, Ҳамеша дард ба сарвақти мард меояд. Дигар ба сӯзи дили ошиқон кӣ хоҳад хонд? Дилам зи нолаи булбул ба дард меояд.