Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Ҳушанги Соя
Ҳушанги Соя

ХОБ

Бахт агар бедор бошад, хоб бардорад маро, Яксар аз бистар дар оғӯши ту бигзорад маро. Аз чӣ дарё омадам бо абри бепоёни ғам, К-осмон умрест то якрез меборад маро. Охирин паймонаи шабгири ин хумхонаам, То кадомин масти дурдошом бигсорад маро? Ганҷи беқадрам ба дасти рӯзгори мурдадӯст, Он гаҳам донад, ки худ дар хок биспорад маро. Гарчи маргам пештар аз фурсати дидори туст, Ҳамчунон шавқи висолат зинда медорад маро. Синаи софӣ гирифтам пеши чашми рӯзгор, То дар ин ойина ҳар кас худ чӣ ангорад маро? Соя, худ гар дар ҳавоят хок гардад, бок нест, Оқибат рӯзе ба кӯят бод меорад маро. Ёди он фарзонаи озурдахотир хуш, ки гуфт: «Хомӯшӣ ҷустам, ки ҳосид мурда пиндорад маро».