ЯГОНА
Ҳамон ягонаи ҳуснӣ, агарчи пинҳонӣ
В-агар дубора бароӣ, ҳазор чандонӣ.
Чӣ моя ҷону ҷавонӣ, ки рафт дар талабат,
Биё, ки ҳар чӣ бихоҳӣ, ҳанӯз арзонӣ.
Зи дил намеравӣ, эй орзуи рӯзи биҳӣ,
Ки чун вадеаи ғам дар ниҳоди инсонӣ.
Харобхуфти талбиси дев натвон буд,
Биё, биё, ки ҳамон хотами Сулаймонӣ.
Равандагони тариқи ту роҳ гум накунанд,
Ки нури чашми умеду чароғи имонӣ.
Ҳазор фикри ҳакимона чора ҷусту нашуд,
Туӣ, ки дарди ҷаҳонро ягона дармонӣ.
Чӣ пардаҳо, ки кушодему ончунон, ки туӣ,
Ҳанӯз дар паси пиндори Соя пинҳонӣ.