Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Ҳушанги Соя
Ҳушанги Соя

ГӮШМОЛИ ПАНҶАИ ИШҚ

Худойро, ки чу ёрони нимароҳ марав, Ту нури дидаи моӣ, ба ҳар нигоҳ марав. Туро, ки чун ҷигари ғунча ҷони гулранг аст, Ба ҷамъи ҷомасапедони дилсиёҳ марав. Ба зери хирқаи рангин чӣ домҳо доранд, Ту мурғи зиракӣ, эй ҷон, ба хонақоҳ марав. Муриди пири дили хеш бош, эй дарвеш В-аз ӯ ба бандагии ҳеч подшоҳ марав. Мабод, к-аз дари майхона рӯй бартобӣ, Ту тоби тавба надорӣ, ба иштибоҳ марав. Чу рост кард туро гӯшмоли панҷаи ишқ, Ба захмае, ки ғамат мезанад зи роҳ марав. Ҳунар ба дасти ту зад бӯса, қадри худ бишнос, Ба дастбӯсии ин бандагони ҷоҳ марав. Гуноҳи уқдаи ашкам ба гардани ғами туст, Ба хуни гӯшанишинони бегуноҳ марав. Чароғи равшани шабҳои рӯзгор туӣ, Марав зи ойинаи чашми Соя, оҳ, марав.