Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Ҳушанги Соя
Ҳушанги Соя

ҒУРУБИ ЧАМАН

Бо ин ғуруб аз ғами сабзи чаман бигӯ, Андуҳи сабзаҳои парешон ба ман бигӯ. Андешаҳои сӯхтаи арғувон бин, Рамзи хаёли сӯхтагон бесухан бигӯ. Он шуд, ки сар ба шонаи шамшод мегузошт, Оғӯши хоку бекасии настаран бигӯ. Шавқи ҷавона рафт зи ёди дарахти пир, Эй боди навбаҳор, зи аҳди куҳан бигӯ. Он оби рафта боз наояд ба ҷӯи хушк, Бо чашми тар зи ташнагии ёсуман бигӯ. Аз соқиёни базми тарабхонаи сабӯҳ, Бо хомӯшони ғамзадаи анҷуман бигӯ. З-он мужда гӯ, ки сад гули сӯрӣ ба сина дошт В-ин мавҷи хун, ки мезанадаш дар даҳан бигӯ. Сарви шикаста нақши дили мо бар об зад, Ин моҷаро ба ойинаи дилшикан бигӯ. Он сурху сабз Соябунафшу кабуд шуд, Сарви сиёҳи ман зи ғуруби чаман бигӯ.