ШАБГАРД
Бар остони ту дил поймоли сад дард аст,
Бибин, ки дасти ғамат бар сарам чӣ овардаст?
Ҳавои боғи гули сурх доштему дареғ,
Ки булбулон ҳама зоранду баргҳо зард аст.
Шаб асту ойина хоби сапеда мебинад,
Биё, ки рӯзи хуши мо хаёлпарвард аст.
Даҳони ғунча фурӯбаста монд дар шаби боғ,
Ки субҳи хандакушо рӯй аз ӯ ниҳон кардаст.
Чиҳо ки бар сари мо рафту кас назад оҳе,
Ба мардуме, ки ҷаҳон сахт ноҷавонмард аст.
Ба сӯзи дил нафасе оташин барор, эй дил,
Ки синаҳо сияҳ аз рӯзгори дамсард аст.
Ғами ту бо дили ман панҷа дарфиканду равост,
Ки ин далер ба бозуи он ҳамовард аст.
Дило, манолу бибин ҳастии ягонаи ишқ,
Ки осмону замин бо ману ту ҳамдард аст.
Зи хоби зулфи сиёҳат чӣ дам занам, ки ҳанӯз,
Хаёли Соя парешон зи фикри шабгард аст.