Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Ҳушанги Соя
Ҳушанги Соя

САРОИ СУРУД

Дигар нигоҳ магардон дар осмони кабуд, Кабӯтарони ту пурхаста омаданд фуруд. Ба ҳар чи менигарам бо дареғу бидруд аст, Шуд он замон, ки ҷаҳон ҷумла мужда буду дуруд. Дареғи аҳди шакархобу рӯзгори шабоб, Чунон гузашт, ки ангор ҳар чӣ буду набуд. Чӣ нақшҳо, ки ба хуни ҷигар задему дареғ, К-аз он паранди нигорин на тор монду на пуд. Сухан ба синаи тангам намезанад чанге, Ки гӯри гиряи хомӯш шуд сарои суруд. Чӣ рафт бар сари он шаҳсавори дашти шафақ, Ки хун ҳамечакад аз суми ин саманди кабуд? Бувад, ки хирмани хокистараш ба бод равад, Чу танг шуд нафаси оташ аз табоҳии дуд. Мабод Соя, ки ҷонат бимонад аз рафтор, Ки дар равандагии доим аст ҳастии рӯд. Туро, ки гӯши дил асту забони ҷон хуш бош, Ки нозукони ҷаҳонрост бо ту гуфтушунуд.