Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Ҳушанги Соя
Ҳушанги Соя

ПИЖВОК

Дили шикастаи мо ҳамчу ойина пок аст, Баҳори дур(р) нашавад гум, агарчи дар хок аст. Зи чоки пираҳани Юсуф ошкоро шуд, Ки дасту дидаи покиза домани пок аст. Нигар, ки нақши сапеду сияҳ раҳат назанад, Ки ин дуасбаи айём сахт чолок аст. Қусури ақл куҷову қиёси қомати ишқ? Ту ҳар қабо, ки бидӯзӣ ба қадри идрок аст. Саҳар ба боғ даро, к-аз забони булбули маст, Бигӯямат, ки гиребони гул чаро чок аст? Равост гар бикушояд ҳазор чашмаи ашк, Чунин ки доси ту бар шохаҳои ин ток аст. Зи дӯст он чи кашидам сазои душман буд, Фиғон зи дӯст, ки дар душманӣ чӣ бебок аст? Сафои чашмаи равшан нигоҳ дор, эй дил, Агарчи аз ҳама сӯ тундбоди хошок аст. Садои туст, ки бармезанад зи синаи ман, Куҷоӣ, эй ки ҷаҳон аз ту пур зи пижвок аст? Ғурубу гӯшаи зиндону бонги мурғи ғариб, Бинол, Соя, ки ҳангоми шеъри ғамнок аст. Дили ҳазинам аз ин нолаи нуҳуфта гирифт, Биё, ки вақти сафирӣ зи пардаи рок аст.