ЧАРОҒИ СОИҚА
Ку пои он ки боз ба кӯи шумо расам?
Он ҷо магар ба ёрии боди сабо расам?
Ҷое, ки қосидони саҳар роҳ гум кунанд,
Ман монда дар ғуруби биёбон куҷо расам?
Дар роҳи ишқи ӯ чи саворон, ки пай шуданд,
Он гоҳ ман, пиёдаи бе дасту по расам.
Бонги ғамам, ки рафтаму сар кӯфтам ба кӯҳ,
Дигар агар ба гӯш расам, чун садо расам.
Андуҳи номуродии Искандарам кушад,
Чун Хизр агар ба чашмаи оби бақо расам.
Гуфтам: Зи файзи ҷоми шумо коми мо равост,
Бовар надоштам, бад-ин нораво расам.
Дарди бараҳнагони ҷаҳонам ба раҳ кашид,
Ҳаргиз нахостам, ки ба асбу қабо расам.
Меомадам, ки дар шаби ин дилгирифтагон,
Чун боди субҳ бо нафаси дилкушо расам.
Бинмоямат, ки дар дили тангам чӣ нолаҳост,
Чун ной агар ба ҳамнафасе ошно расам.
Мурдам дар ин хаёлу ҳанӯзам умед ҳаст,
К-охир ба дидабӯсии он дилрабо расам.
Як шаб чароғи соиқа гирам ба роҳи субҳ
В-он гоҳ ҳамчу раъд ба бонги расо расам.
Чун Соя гарчи дар шаби торик гум шудам,
Дар рӯшнои рӯз зи ҳар сӯ фаро расам.