ГУЛАФШОНИ ХУН
Баландо сари мо, ки гар ғарқи хунаш,
Бибинӣ, набинӣ ту ҳаргиз забунаш.
Сарафроз бод он дарахти ҳумоюн,
К-аз ин сарнагунӣ нашуд сарнагунаш.
Тановар дарахте, ки ҳарчиш бибурӣ,
Фузунтар бувад шоху барги фузунаш.
Паи осмон зад ҳамоно табарзан,
Ки бар сар фурӯ рехт сақфу сутунаш.
Замин вожгун шуд аз он, то набинад
Дар ойинаи осмон вожгунаш.
Балегӯи аҳдаш бало озмояд,
Зиҳӣ марду он аҳду он озмунаш.
Зи чандию чунӣ бурун рафту охир,
Дареғо, надонист кас чанду чунаш.
Хушо, ишқи фарзонаи мо, ки эдун
Зи Маҷнун сабақ бурда сити ҷунунаш.
Аз он хун, ки дар чоҳи шаб хӯрд, бингар
Саҳаргоҳ лабханди хуршедгунаш.
Хами зулфаш он лаъли лаб менамояд,
Нигар то напечӣ сар аз раҳнамунаш.
Баҳоро, ту аз хуни ӯ об хӯрдӣ,
Биё, то набинӣ, гулафшони хунаш.
Самоъест дар базми ӯ қудсиёнро,
Дило, гӯш кун нағмаи арғунунаш.
Ба монанди дарёст он бекарона,
Ту мавҷаш надидию дидӣ сакунаш.
Наҳанге бибояд, ки бо вай барояд,
Куҷо Соя аз уҳда ояд бурунаш?