Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Ҳушанги Соя
Ҳушанги Соя

ДАР ПАРДАИ ХУН

Баҳор омад, биё, то доди умри рафта бистонем, Ба пои сарви озодӣ сару дасте барафшонем. Ба аҳди гул забони савсани озод бикшоем, Ки мо худ дарди ин хун хӯрдани хомӯш медонем. Насими атргардон бӯи хуни ошиқон дорад, Биё, то атри ин гул дар машоми ҷон бигардонем. Шарори арғувон вохези хуни нозанинон аст, Самандарвор ҷонҳо бар сари ин шуъла биншонем. Ҷамоли сурхи гул дар ғунча пинҳон аст, эй булбул, Суруде хуш бихон, к-аз муждаи субҳаш бихандонем. Гуле, к-аз хандааш гетӣ биҳишти адн хоҳад шуд, Зи рангу бӯи он рамзе ба гӯши дил фурӯ хонем. Саҳар, к-аз боғи пирӯзӣ насими орзу хезад, Чи парчамҳои гулгун, к-андар он шодӣ бирақсонем. Ба дасти ранҷ ҳар номумкине мумкин шавад, оре, Биё, то ҳалқаи иқболи маҳрумон биҷунбонем. Ало, эй соҳили умед, саъйи ошиқон дарёб, Ки мо киштӣ дар ин тӯфон ба савдои ту меронем. Дило, дар ёли он Гулгуни гардунтоз чанг андоз, Мабодо к-аз нишеби ин шаби сангин фурӯ монем. Шақоиқ хуш раҳе дар пардаи хун мезанад, Соя, Чӣ бероҳем, агар ҳамхонии ин нағма натвонем.