Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Ҳушанги Соя
Ҳушанги Соя

БАР САРИ ОТАШИ ҒАМ

Оҳ, к-аз тоби дили сӯхта ҷон месӯзад, З-оташи дил чӣ бигӯям, ки забон месӯзад? Ё Раб, ин рахнаи дӯзах ба рухи мо кӣ кушуд, Ки замин дар табу тоб асту замон месӯзад? Дуд бархост аз ин тир, ки дар сина нишаст, Макан, эй дӯст, ки он дасту камон месӯзад. Магар ин дашти шақоиқ дили хунини ман аст, Ки чӣ чунин дар ғами он сарви равон месӯзад. Оташе дар дилам андохту олам бӯ бурд, Хом пиндошт, ки ин уд ниҳон месӯзад. Лаззати ишқу вафо, бин, ки сипанди дили ман, Бар сари оташи ғам рақскунон месӯзад. Гиряи абри баҳораш чӣ мадад хоҳад кард? Дили саргашта, ки чун барги хазон месӯзад. Соя, хомӯш, к-аз ин ҷони пуроташ, ки марост Оҳро гар бидиҳам роҳ ҷаҳон месӯзад.