Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Ҳушанги Соя
Ҳушанги Соя

ДАР КӮЧАСОРИ ШАБ

Дар ин сарои бекасӣ, касе ба дар намезанад, Ба дашти пурмалоли мо паранда пар намезанад. Яке зи шаб гирифтагон чароғ бар намекунад, Касе ба кӯчасори шаб дари саҳар намезанад. Нишастаам дар интизори ин ғубори бе савор, Дареғ к-аз шабе чунин сапеда сар намезанад. Гузаргаҳест пурситам, ки андар ӯ ба ғайри ғам, Яке салои ошно ба раҳгузар намезанад. Дили хароби ман дигар харобтар намешавад, Ки ханҷари ғамат аз ин харобтар намезанад. Чӣ чашми посух аст аз ин даричаҳои бастаат? Бирав, ки ҳеҷ кас нидо ба гӯши кар намезанад. На Соя дораму на бар, бияфканандаму сазост, В-агарна бар дарахти тар касе табар намезанад.