БАҲОНА
Эй ишқ ҳама баҳона аз туст,
Ман хомӯшам, ин тарона аз туст.
Он бонги баланди субҳгоҳӣ
В-ин замзамаи шабона аз туст.
Ман андуҳи хешро надонам,
Ин гиряи бебаҳона аз туст.
Эй оташи ҷони покбозон,
Дар хирмани ман забона аз туст.
Афсуншудаи туро забон нест
В-ар ҳаст, ҳама фасона аз туст.
Киштии маро чӣ бими дарё?
Тӯфон зи туву карона аз туст.
Гар бода диҳиву гар на, ғам нест,
Маст аз ту, шаробхона аз туст.
Майро чӣ асар ба пеши чашмат?
К-ин мастии шодмона аз туст.
Пеши ту чӣ тавсанӣ кунад ақл?
Ром аст, ки тозиёна аз туст.
Ман мегузарам хамӯшу гумном,
Овозаи ҷовидона аз туст.
Чун Соя маро зи хок баргир,
К-ин ҷо сару остона аз туст.