Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Ҳушанги Соя
Ҳушанги Соя

ТУНГИ ҒУРУБ

Ёрӣ кун, эй нафас, ки дар ин гӯшаи қафас, Бонге бароварам зи дили хаста як нафас. Тунги ғурубу ҳавли биёбону роҳи дур, На партави ситораву на нолаи ҷарас. Хуноба гашт дидаи Коруну Зиндарӯд, Эй пайки ошно, бирас, аз соҳили Арас. Сабри паямбаронаам охир тамом шуд, Эй ояти умед, ба фарёди ман бирас. Аз бими муҳтасиб машикан соғар, эй ҳариф, Майхораро дареғ бувад хидмати асас. Ҷуз марг дигарам чӣ кас ояд ба пешвоз? Рафтему ҳамчунон нигарони ту бозпас. Моро ҳавои чашмаи хуршед дар сар аст, Саҳл аст, Соя, гар биравад сар дар ин ҳавас.