Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Ҳушанги Соя
Ҳушанги Соя

ТАРОНА

То ту бо манӣ, замона бо ман аст, Бахту коми ҷовидона бо ман аст. Ту баҳори дилкашию ман чу боғ, Шӯру шавқи сад ҷавона бо ман аст. Ёди дилнишинат, эй умеди ҷон, Ҳар куҷо равам равона бо ман аст. Нозу нӯшханди субҳ агар турост, Шӯру гиряи шабона бо ман аст. Барги айшу ҷому чанг агарчи нест, Рақсу мастию тарона бо ман аст. Гуфтамаш: Муроди ман. Ба ханда гуфт: Лоба аз туву баҳона бо ман аст. Гуфтамаш: Ман он саманди саркашам, Ханда зад, ки тозиёна бо ман аст. Ҳар касаш гирифта домани ниёз, Нози чашмаш ин миёна бо ман аст. Хоби нозат, эй парӣ, зи сар парид, Шаб хушат, ки шаб фасона бо ман аст.