Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Ҳушанги Соя
Ҳушанги Соя

ДЕР

Сад раҳ ба рухи ту дар кушудам ман, Бар ту дили хешро намудам ман. Ҷон— мояи он умеди ларзонро, Чандон ки ту костӣ, фузудам ман. Месӯхтаму маро намедидӣ, Имрӯз нигоҳ кун, ки дудам ман. То ман будам, наёмадӣ, афсӯс В-он гаҳ ки ту омадӣ, набудам ман.