Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Ҳушанги Соя
Ҳушанги Соя

ЛАБИ ХОМӮШ

Имшаб ба қиссаи дили ман гӯш мекунӣ, Фардо маро чу қисса фаромӯш мекунӣ. Ин зар ҳамеша дар садафи рӯзгор нест, Мегӯямат, вале ту куҷо гӯш мекунӣ? Дастам намерасад, ки дар оғӯш гирамат, Эй моҳ, бо кӣ даст дар оғӯш мекунӣ? Дар соғари ту чист, ки бо ҷуръаи нахуст Ҳушёру мастро ҳама мадҳуш мекунӣ? Май ҷӯш мезанад ба дили хум, биё бубин, Ёде агар зи хуни Сиёвуш мекунӣ. Гар гӯш мекунӣ, сухане хуш бигӯямат, Беҳтар зи гавҳаре, ки ту дар гӯш мекунӣ. Ҷоми ҷаҳон зи хуни дили ошиқон пур аст, Ҳурмат нигоҳ дор, агар нӯш мекунӣ. Соя, чу шамъ шуъла дарафгандаӣ ба ҷамъ, З-ин достон, ки бо лаби хомӯш мекунӣ.