Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Гоҳ рӯй дар хокам, гоҳ ҷабҳа бар зону,

Гоҳ рӯй дар хокам, гоҳ ҷабҳа бар зону, З-ин саре ки ман дорам, нест бехабар зону. Ин қаламрави андӯҳ коргоҳи роҳат нест, Ҳар кӣ фикри болин кард, ёфт зери сар зону. Як мижа ба сад ибрат шарм чашми мо накшуд, Ҳалқавор таҳ кардем бар ҳазор дар зону. Гул дамидаем, аммо рангу бӯ пушаймонист, Буд ғунчаи моро олами дигар зону. З-ин талоши подаргил ку раҳу куҷо манзил? Ҳамчу шамъ паймудем шом то саҳар зону. Дил адабгаҳи ноз аст, даъвии ҳавас кам кун, Боядат задан чун мавҷ пеши ин гуҳар зону. Шӯхии тамиз аз мо вазъи амн напсандид, Варна, санги ин куҳсор буд сар ба сар зону. Бастаам камар умрест бар ҳаловати таслим, Банд-банди ман дорад ҳамчу найшакар зону. Узри тоқат аст ин ҷо қадрдони ҷамъият, Пой то наёрад хам, нест дар назар зону. Фикри сарнавишти ман то куҷо тариҳо дошт?! То ҷабин ба ёд омад, гашт чашми тар зону. Шаб зи кулфати асбоб шиква пеши дил бурдам, Гуфт: Барнамедорад дарди сар, магар зону. То ба кай ҳавастозӣ? Чанд ҳарзапардозӣ? Тоирон, раҳо кардед зери болу пар зону. Машқи маъниям, Бедил, бар табоеъ осон нест, Сар фурӯ намеорад фикри ман ба ҳар зону.