Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Чу сиришк бесарупоиям қадаме назад ба ҳавои ту,

Чу сиришк бесарупоиям қадаме назад ба ҳавои ту, Ки ҳазор обила дар арақ нагудохтам зи ҳаёи ту. Ба хироми фитна мадеҳ инон, ки мабод чун дили ошиқон Ба таранги шиша занад ҷаҳон зи шикасти ранги ҳинои ту. Ҳиҷил аст ҳиммати паркушо, ки ба фурсате барад илтиҷо, Дили чок мекашад аз нафас саҳар интизори дуои ту. Чамани вафокадаи карам накашад хиҷолати ин ситам, Ки чу ғунча коса ба каф ниҳад зи дили шикаста гадои ту. Ба сабот агар ҳама хам расад, манумо ба рабти адам расад, Набарӣ гумон, ки ба ҳам расад лаби ман зи ҳарфи санои ту. Зи сухан хурӯши ту ҷилвагар, зи хамӯшӣ оҳи ту пардадар, Ба кадом замзама сар кашад мутаҳаййири манумои ту? Зи фасонаи манию туӣ чӣ фурӯшам оинаи дуӣ? Ба тааммуле нашудам гиреҳ, ки набуд банди қабои ту. Агар аз туам, чӣ талаб кунам? Вагар ин манам, чӣ тараб кунам? Ҳама инфиоли фузулиям, чи фанои ман, чи бақои ту. Чӣ ҷунун? Ба худ такутози ман. Чӣ хато? Нишебу фарози ман, Чӣ ҷаҳим? Ғафлати сози ман. Чӣ биҳишт? Ёди лиқои ту. Ба чӣ ранг сурати хуни ман надарад ниқоби ҷунуни ман? Ки ба оби оина шустааст асари ҳино кафи пои ту. На ба дил зи аҷзи расо расам, на ба рамзи оина ворасам, Ба куҷо расам, ки ба ҷо расам мани ғофил аз ҳама ҷои ту? Чу саҳар ба олами ҷилваат хиҷилам зи туҳмати зиндагӣ, Нафасе ки доштам, об шуд зи ҳиҷоби оинаҳои ту. Мани Бедилу сафи инсу ҷон, дили хок то сари осмон Ба фидои ту, ба фидои ту, ба фидои ту, ба фидои ту!