Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Даҳр тӯфон дорад аз табъи ҷунунпаймои ман,

Даҳр тӯфон дорад аз табъи ҷунунпаймои ман, Қулқуле дуздидааст ин баҳр аз минои ман. Нест холӣ як кафи хок аз ғубори ваҳшатам, Чун нафас меҷӯшад аз ҳар дил тапиданҳои ман. Ғунчаро ҷуз шӯхии ранг офате дар бор нест, Худнамоӣ медиҳад охир ба бод аҷзои ман. Ҳар нафас к-аз дил кашидам, хомушӣ афшонд бол, Мезанад мавҷ аз забони моҳиён дарёи ман. Баски афшурдам қадам дар хоки роҳи нестӣ, Ҳамчу шамъ охир сари ман гашт нақши пои ман. Софии дил дар ғубори арзи истеъдод рафт, Мавҷи май шуд ҷавҳари оинаи минои ман. Роҳи аз худ рафтанам аз шамъ ҳам равшантар аст, Ҷодапарвоз аст барқи нола дар саҳрои ман. Ҳусн ҳар ҷо ҷилвагар шуд, ишқ меояд бурун, Арзи Маҷнун медиҳад оинаи Лайлои ман. То қиёмат боядам саргаштаи парвоз буд, Дом дорад бар ҳаво сайёди бепарвои ман. Ҳамчу барқ оғӯше аз ваҳшат муҳайё кардаам, Тӯли сад уқбо амал сарф аст бар паҳнои ман. Пардаи таҳқиқ, Бедил, то куҷо хоҳӣ шикофт? Оламе дорад ниҳон кайфияти пайдои ман.