Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Хоҳ ғафлатпешагӣ кун, хоҳ огоҳӣ гузин,

Хоҳ ғафлатпешагӣ кун, хоҳ огоҳӣ гузин, Эй адамфурсат, ду рӯзӣ, ҳар чӣ мехоҳӣ, гузин. Зарра то хуршеди имкон гарми аз худ рафтан аст, Як қадам, бо ҳар чӣ ҷӯшад шавқ, ҳамроҳӣ гузин. Ҳар қадар ғафлат фузунтар, лофи ҳастӣ бештар, Эй тилисми хоб, аз ин афсона кӯтоҳӣ гузин. Чанд дар оташ нишонандат ба афсуни ғурур? Ихтисори ноз чун шамъи саҳаргоҳӣ гузин. Дастгоҳи мушти хоке нотавон пайдост, чист? Эй ғуборат рафта бар бод, осмонҷоҳӣ гузин. Ҳеҷ кас худро намехоҳад ғуборолуди аҷз, Эй гадо, гар ихтиёре бошадат, шоҳӣ гузин. Партави шамъи ҳидоят дар камини ғафлат аст, Хизр агар з-ин дашт матлуб аст, гумроҳӣ гузин. Ҷоҳ агар болад, ҳамин шоҳист авҷи иззаташ, Аз камоли фақр бош огоҳ, аллоҳӣ гузин. Ҳар ду олам шӯхии пасту баланди нози ӯст, Гар нигаҳ қосир набошад, моҳ то моҳӣ гузин. Дар тамошогоҳи ҳастӣ кӯр натвон зистан, Маҳрами он ҷилва шав ё марги ногоҳӣ гузин. Эътиборандешаӣ, Бедил, надомат соз кун, Шамъи маҳфил будан осон нест, ҷонкоҳӣ гузин.