Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Чӣ бувад сарукори ғалатсабақон?

Чӣ бувад сарукори ғалатсабақон? Дари илму амал ба фасона задан, Зи ғурури далоили бехирадӣ ҳама тири хато ба нишона задан. Мижае зи таваққуъи кори ҷаҳон ба ҳам ору ғубори ҳавас бинишон, Ба кушудани чашми тамаъ натавон сафи ҳалқа ба ҳар дари хона задан. Ақаботи ҷаҳаннаму ранҷи абад нарасад ба азоби нифоқу ҳасад, Ту амон талаб аз дари хулд, даро ба тағофул аз аҳли замона задан. Табу тоби қиёмату ғулғули он ба хаёл раҳо куну қисса махон, Ҳазар аз нафасе, ки дар аҳли замон расад оташи дил ба забона задан. Зи мизоҷи ҷаҳони ғурури нафас ғалат аст нишондани ҷӯши ҳавас, Ки зи мазраи фитна нумӯ набарад сару гардани хӯшаву дона задан. Дили ошиқу аҷзи мизоҷи гадо, сари ҳусну ғурури димоғи ҷафо, Ману оинадории арзи вафо, туву турраи арбада шона задан. Агарам ба фалак талабад зи замин вагарам ба замин фиканад зи фалак, Ба қабули итоати ҳукми қазо натавон дари узру баҳона задан. Ҳама гар такутози ҷунунталабӣ кашадат ба вусули бисоти ғано, Чу табиати мавҷи гуҳар насазад зи муҳити адаб ба карона задан. Ба димоғи таайюни нози бутон зи харобии Бедили мо чӣ зиён? Ки ба кулфати табъи ғанӣ назанад ғами пина ба далқи гадо назадан.