Ҷое ки бувад пешбарӣ пеш набурдан,
Ҷое ки бувад пешбарӣ пеш набурдан,
Муфти ту, агар пеш барӣ пеш набурдан.
То чанд тавон зист ба афсуни руунат
Макрӯҳтар аз саҷда ба ҳар кеш набурдан?
Эй шайх, ту дар кашмакашию на биҳиштест,
Аз шона қиёмат ба сари риш набурдан.
Анбӯҳии мӯ нисбати танзеҳ надорад,
Ҳукм аст ба фирдавс бузу меш набурдан.
Баргаштани мижгони бутон қосиди нозест,
Зулм аст навиде ба дили реш набурдан.
Дардо, ки дил огаҳ нашуд аз лаззати дарде,
Хун мехурам аз обила бар неш набурдан.
Соқӣ, хати паймона наям, ҳавсала то чанд?
Ҳайф аст ба мавҷи майам аз хеш набурдан.
Ҷуз дар сухани беғаразӣ рост наёяд,
Бар халқ ситамномаи ташвиш набурдан.
Бедил, ҳама дам мазраи иқболи каримон
Сабз аст зи оби рухи дарвеш набурдан.