Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Аз ҷавон ҳусни сулуки пир натвон ёфтан,

Аз ҷавон ҳусни сулуки пир натвон ёфтан, Гӯшаи чашми камон аз тир натвон ёфтан. Тинати комилхирад аз туҳмати нуқсон барист, Ранги хун ҳаргиз ба рӯйи шир натвон ёфтан. Ҳайфи ҳиммат, гар шавад мамнуни таҳсили мурод, Эй хуш он оҳе, к-аз ӯ таъсир натвон ёфтан. Мешаванд асҳоби ғафлат поймоли ҳодисот, Хоби махмалро ҷуз ин таъбир натвон ёфтан. Фақри мо оинаи рамзи ҳуваллоҳ асту бас, Файзи ин хок аз ҳазор иксир натвон ёфтан. Беиборат шав, ки гардад маънии дил равшанат, Рамзи ин Қуръон зи ҳар тафсир натвон ёфтан. Олами тақйид яксар домгоҳи гуфтугӯст, Ҷуз садо, дар хонаи занҷир натвон ёфтан. Ҳирсу як олам фузулӣ, хоҳ тоқат, хоҳ аҷз, Ҷуз ҷавониҳо аз ин бепир натвон ёфтан. Мо дар ин маҳфил абас ҷоне ба ҳасрат меканем, Як дил ин ҷо қобили тасхир натвон ёфтан. Бехудинайрангам, аз пайдову пинҳонам мапурс, Муддаои ҳайрати тасвир натвон ёфтан. Дар ҳарими кибриё, Бедил, раҳи қурби вусул Ҷуз ба саъйи нолаи шабгир натвон ёфтан.