Осон макун тасаввур нози муғон
Осон макун тасаввур нози муғон
кашидан,
Сар медиҳад ба сангат ратли гарон
кашидан.
Нашвунумои ҳастӣ чун шамъ худгудозист,
Мебояд аз баҳорат ранҷи хазон кашидан.
Беҳуда фикри асбоб хам рехт дар биноят,
То чанд бори дунё чун осмон кашидан?
Эй зиндагӣ, фано шав, ё масдари ғано шав,
То миннате набояд з-ин нокасон кашидан.
Аз байза сар кашидем, аммо куҷост парвоз,
То болу пар тавонем аз ошён кашидан?
Коми амалпарастон
шоистаи тарӣ нест,
З-ин чоҳи тира то кай як ресмон кашидан?
Бадгавҳарӣ муҳол аст, кам гардад аз риёзат,
Рӯйи тунук диҳад об теғ аз фасон кашидан.
Гирам, кашад мусаввир сад Бесутун ба мӯе,
Чун ман агар тавонад як нотавон кашидан.
Бори хамидагиҳо яксар ба дӯши пирист,
Бастанд бар заифон зӯри камон кашидан.
Забти нафас чӣ миқдор бо мақсад ошноист,
Моро ба мо расонид охир инон кашидан.
Гар туҳфаи ниёзе манзури ноз бошад,
Дар пеши содарӯён хат метавон кашидан.
Бедил миёни хубон маҷбури нотавонист,
То кай ба тори мӯе кӯҳи гарон кашидан?