Дил аз вусъат агар шоне надорад,
Дил аз вусъат агар шоне надорад,
Биёбон ҳам биёбоне надорад.
Дар ин дарё надомат эътибор аст,
Гуҳар ҷуз ашки урёне надорад.
Ҷунун менолад аз бедастгоҳӣ,
Ки урёнӣ гиребоне надорад.
Ту хоҳӣ шиша бишкан, хоҳ соғар,
Тараб ҷуз ранг сомоне надорад.
Ба худ мебол, лек аз ғусса хӯрдан
Танӯри орзу ноне надорад.
Муҳаббатпешаӣ, бигдозу хун шав,
Ки дарди ишқ дармоне надорад.
Кашад чун гирдбод охир зи ҳалқат,
Гиребоне, ки домоне надорад.
Дари дил мезанӣ, озодият ку?
Магар оина зиндоне надорад?
Муҳаббат дастгоҳи офият нест,
Таҳайюр рабти мижгоне надорад.
Тазаллум дурӣ аз асл аст, варна,
Нафас дар сина афғоне надорад.
Таҳайюрбисмили ашки ниёзам,
Ба хун ғалтиданам ҷоне надорад.
Агар ишқи бутон куфр аст, Бедил,
Касе ҷуз кофир имоне надорад.