Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Дил хоки сари кӯйи вафо шуд, чи баҷо шуд,

Дил хоки сари кӯйи вафо шуд, чи баҷо шуд, Сар дар раҳи теғи ту фидо шуд, чи баҷо шуд. Ашкам, ки диле дошт гиреҳ бар сари мижгон, Дар кӯйи ту аз дида ҷудо шуд, чи баҷо шуд. Моро ба бисоте, ки ту чун фитна нишастӣ, Бархостан аз хеш асо шуд, чи баҷо шуд. Чун соя ба хоки қадамат ҷабҳаи моро Як саҷда ба сад шукр адо шуд, чи баҷо шуд. Ин дида, ки ҳасраткадаи шавқи тамошост, Эй хушнигаҳон, ҷойи шумо шуд, чи баҷо шуд. Аз ҳайрати дидори ту ашки ҳавасолуд Имшаб нигаҳи чашми ҳаё шуд, чи баҷо шуд. Чашмат ба ғалат сӯйи дил андохт нигоҳе, Тире, ки аз ин шаст хато шуд, чи баҷо шуд. Бар сафҳаи рӯйи ту зи килки яди тақдир Хатти сияҳ ангуштнамо шуд, чи баҷо шуд. Дар базми ту охир нигаҳи шуълаъинонам Чун шамъ зи ашк обилапо шуд, чи баҷо шуд. Лахти ҷигаре бар сари ҳар ашк фишондем, Ҳаққи намаки гиря адо шуд, чи баҷо шуд. Гарде ки ба уммеди ту додем ба бодаш, Ороиши сад дасти дуо шуд, чи баҷо шуд. Чун соя сари роҳи дурангӣ нагирифтем, Рӯзи сияҳи мо шаби мо шуд, чи баҷо шуд. З-ин як-ду нафас умр миёни ману дилдор, Гирам, ки адоҳои баҷо шуд, чи баҷо шуд. Бедил ҳаваси нашъаи оворагие дошт, Чун ашк, кунун бесарупо шуд, чи баҷо шуд.