Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Хушхиромон, доди табъи сустбунёдам диҳед,

Хушхиромон, доди табъи сустбунёдам диҳед, Хоки ман беш аз ғуборе нест, бар бодам диҳед. Дар фаромушхонаи ҳастӣ адам гум кардаам, Ёде аз кайфияти он улфатободам диҳед. Аз хаёлаш дар дилам аржангҳо хун мехӯрад, Як сари мӯ, кош сар дар килки Беҳзодам диҳед. Нағмаи дарде ба сад хуни ҷигар парвардаам, Гар димоғе ҳаст, гоҳе дил ба фарёдам диҳед. З-ин тиҳидастӣ, ки бар сомони фақр афзудаам, Сифри аъдоди камолам, мансаби содам диҳед. Хуни муштоқон набояд бетааммул рехтан, З-он мижа неши ҷигаркове ба фассодам диҳед. Фурсати саъйи фано завқи висоле дигар аст, Ҷонканӣ гар рухсате дорад, ба Фарҳодам диҳед. То нахандад аз ғуборам туҳмати озодагӣ, Баъди мурдан ҳам кафе хокам ба сайёдам диҳед. Нест чун оинаи дил пардаи номуси ҳусн, Шишамиқдоре ба ёди он паризодам диҳед. Пур фаромуш рафтаам дур аз тарабгоҳи вифоқ, Гар ба ёди кас расам, аз ҳоли ман ёдам диҳед. Сурмаам, пеши кӣ нолам? Шарми он чашмам гудохт, Хомушӣ ҳам бетазаллум нест, гар додам диҳед. Вогузоредам, чу Бедил, бо ҳамин яъсу алам, Ку димоғи зинда будан, то дили шодам диҳед?