Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Хирад ба ишқ кунад ҳиласози ҷангу гурезад,

Хирад ба ишқ кунад ҳиласози ҷангу гурезад, Чу ҳез теғи ҳариф оварад ба чангу гурезад. Ба нанги мард аз ин бештар гумон натавон бурд, Қиёмате, ки ба зеҳ бошадаш хадангу гурезад. Нигорхонаи имкон ба ваҳшатест, ки гардун Кашад зи рӯзу шабаш сурати палангу гурезад. Канори амн маҷӯед аз он муҳит, ки мавҷаш Зи ҷайби худ бадар орад сари наҳангу гурезад. Аз ин қаламрави ҳайрат чӣ мумкин аст раҳоӣ? Магар касе қадам иншо кунад зи рангу гурезад. Зи унс тарф набастам ба қайди олами сурат, Чу муъмине, ки дилаш гирад аз Фарангу гурезад. Дили рамидаи ошиқ баҳонаҷӯст ба ранге, Ки шиша гар шиканӣ, бишнавад тарангу гурезад. Сипандвор фитодаст умр наъл дар оташ, Баҳуш бош, мабодо, занад шалангу гурезад. Кадом сел ниҳодаст рӯ ба хонаи чашмам, Ки ашк обила бандад ба пойи лангу гурезад? Рамиданест зи шӯри замона рӯ ба қафоям, Чу кӯдаке, ки сагеро занад ба сангу гурезад. Махон ба мавҷи гуҳар қиссаи тааллуқи Бедил, Мабод, чун нафас аз дил шавад ба тангу гурезад.