Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Чунин гар табъи бедардат ба хӯрду хоб месозад,

Чунин гар табъи бедардат ба хӯрду хоб месозад, Ба чашмат ашкро ҳам гавҳари ноёб месозад. Заифӣ доманат дорад, хароши дард пайдо кун, Ки ҳар ҷо риштаи созест, бо мизроб месозад. Дар ин майхона фарши саҷда бояд буд мастонро, Ки мавҷи бода аз хум то қадаҳ меҳроб месозад. Ҷунун кун, дар бинои хонумони ҳуш оташ зан, Ҳамин вазъат халос аз кулфати асбоб месозад. Нафасро улфати дил нест ҷуз таклифи бетобӣ, Ки дуд аз суҳбати оташ ба печутоб месозад. Чу субҳе, к-аз ҳузури офтоб иншо кунад шабнам, Хаёли ӯ нафас дар синаи ман об месозад. Чунин к-аз сӯзи дил хокистарэҷод аст аъзоям, Таби паҳлуи ман аз буриё санҷоб месозад. Ба барқи ҳиммат аз абри ҳарам қатъи назар кардам, Тариҳои ҳавас кишти маро сероб месозад. Ба ҳиҷрон завқи васле дораму бар хеш меболам, Дар оташ низ ин моҳӣ ҳамон бо об месозад. Дар ин маҳфил надорад бӯи роҳат чашм во кардан, Нигоҳи бедимоғон бештар бо хоб месозад. Надорад базми имкон чун заифӣ кимиёсозе, Ки аҷзои ғурури халқро одоб месозад. Тавозуъҳои золим макри сайёдӣ шумар, Бедил, Ки мили оҳаниро хам шудан қуллоб месозад.