Чу давлат дараш бар хасон во шавад,
Чу давлат дараш бар хасон во шавад,
Пар орад бурун мӯру анқо шавад.
Бипарҳез аз иқболи дунфитратон,
Тунукрӯст санге, ки мино шавад.
Сабукмағз шоёни асрор нест,
Хас аз дуздии шуъла расво шавад.
Чу баргардад иқболи илму амал,
Варақ чист, хат ҳам чалипо
шавад.
Бар арбоби ҳиммат даноат
мабанд,
Фалак хок гардад, ки сар по шавад.
Муаммои офоқ натвон шикофт,
Магар исми анқо мусаммо
шавад.
Зи асбоб натвон ба дил зад гиреҳ,
Бирӯбед, то хона саҳро шавад.
Нигин метарошад муаммои санг,
Ки шояд, ба номи касе во шавад.
Ба сад хомушӣ ноз дорад сухан,
Агар як дамаш дар диле ҷо шавад.
Буногӯши дилдорам омад ба ёд,
Кунам нола, то субҳ гӯё шавад.
Зи кайфияти нисбати он даҳан
Адам то бигӯям, манумо
шавад.
Дар ин дашту дар гарде аз ғайр нест,
Туро гар наҷӯям, кӣ пайдо шавад?
Ба ҳар ҷо ту бошӣ, замонҳо якест,
На имрӯз дӣ шуд, на фардо шавад.
Ҷаҳон чашм накшояд аз хоби ноз,
Агар Бедил афсонаиншо шавад.