Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Пеши арбоби ҳасаб

Пеши арбоби ҳасаб тарки насаб бояд кард, Пардаи дидаву дил фарши адаб бояд кард. Корвонҳо ҳама маҳмилкаши яъс аст ин ҷо, Ноларо бадрақаи саъйи талаб бояд кард. Боиси гиря дар ин дашт агар чизе нест, Алами бекасие ҳаст, сабаб бояд кард. Гар шавад пеши ту манзури нисори нигаҳе, Гавҳари ҷон ба ҳавас туҳфаи лаб бояд кард. Ҷамъ будан ба парешонсифатӣ осон нест, Рӯзҳо дар қадами зулфи ту шаб бояд кард. З-ин таваҳҳумкада сомони дигар натвон ёфт, Ҷуз даме чанд, ки исори тааб бояд кард. Тарки лаззоти ҷаҳон муфти саломат шумаред, Ин шакар қобили он нест, ки таб бояд кард. Ҷайби ҳар мавҷ тарабгоҳи ҳузури дарёст, Фикри худ кун, гарат андешаи Раб бояд кард. Нами обу кафи хоке ба ҳам омехта аст, Ҳар чӣ ояд зи ту, корест аҷаб, бояд кард. Бедил, ин анҷумани ваҳм дигар натвон ёфт, Дард ҳам муфти тамошост, тараб бояд кард.