Пир хамёзакаши вазъи ҷавон мебошад,
Пир хамёзакаши вазъи ҷавон мебошад,
Ҳасрати тир дар оғӯши камон мебошад.
Навбаҳори чамани умр ҳамин хомӯшист,
Гуфтугӯ сарсари
тамҳиди хазон мебошад.
Ғафлат аз мунтазири васл хаёлест муҳол,
Чашм агар баста шавад, дил нигарон мебошад.
Раҳбари олами болост хаёли қади ёр,
Хизри ин бодия чун сарв ҷавон мебошад.
Қатъи занҷир зи Маҷнуни ту натвон кардан,
Мавҷ ҷузви бадани оби равон мебошад.
Чӣ хаёл аст, навое зи таманно накашем?
Ки нафас риштаи қонуни фиғон мебошад.
Сахт дур аст аз ин домгаҳ озодии мо,
Мижа аз бехабарӣ болфишон мебошад.
Хотири нозуки мо эмин аз офот нашуд,
Санг дар коргаҳи шишагарон мебошад.
Сари таслим сабукмояи беқадриҳост,
Ҷинси моро ба кафи даст дукон мебошад.
Булбули тифлмизоҷам, ба куҷо дил бандам?
Гули ин боғ зи рангинқафасон мебошад.
Каҷадоёна ба арбоби матолиб сар кун
Ростӣ бар дили ин қавм синон мебошад.
Чашм то во кунӣ, аз хеш бурун тохтаем,
Сурати оина доманбамиён мебошад.
Софмашраб дузабонӣ написандад, Бедил,
Ҳар чӣ дар дил, ба лаби об ҳамон мебошад.