Булҳавас аз сабуксарӣ ҳифзи сухан намекунад,
Булҳавас аз сабуксарӣ ҳифзи сухан намекунад,
Дар қафаси ҳубобҳо бод ватан намекунад.
Лаб макушой чун садаф, то гуҳар оварӣ ба каф,
Гӯш талаб, ки кори гӯш ҳеҷ даҳан намекунад.
Қатра муҳит мешавад, чун зи саҳоб шуд ҷудо,
Рӯҳ зи ваҳми худ абас тарки бадан намекунад.
Ҳастии худгудози ман шамъи шарарбаҳонаест,
Лек касе нигоҳи гарм ҷониби ман намекунад.
Хуни умед мехӯрад бе ту дили шикастаам,
Турраи саркашат чаро ёди шикан намекунад?
Баски ҳавои ғурбатам чун нафас аст дилнишин,
Ҷавҳари ман дар оина фикри ватан намекунад.
Нест ба олами ҷунун гардиши ранги офият,
Ҳеҷ кас аз бараҳнагӣ ҷома куҳан намекунад.
Пунбаи доғи ошиқон нест ба ғайри сӯхтан,
Мурдасифат чароғи мо сар ба кафан намекунад.
Дида ба сад ҳазор ашк маҳви нисори мақдамест,
Оҳ, ки он Суҳайли ноз ёди Яман намекунад.
Манъи ғанои далбарон нест ба ҷаҳди ошиқон,
Булбул агар ба хун тапад, ғунча сухан намекунад.
Аз азабӣ 239
ба табъи худ ҷамъ макун маводи нанг,
Шавҳари хеш мешавад, мард ки зан намекунад.
Нола ба шуъла метапад, ҳалқаи доғ, гӯ, мабош,
Шамъи бисоти бекасон сози лаган
намекунад.
Захми ту ончи мекунад бо дили хастагони ишқ,
Субҳ накарда бо ҳаво, гул ба чаман намекунад.
Сояи дур аз офтоб муғтанами худ асту бас,
Толиби васли ӯ шудан сарфаи ман намекунад.
Нест даме ки шонавор дар хами фикри зулфи ёр
Бедили синачоки мо сайри Хутан намекунад.